БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НУКТАҲОИ ПАЁМ ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ КИШВАР САҲМГУЗОР АСТ

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми худ санаи 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуда буданд, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Левакант вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, моҳияти дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти кишварро ба иштирокдорон фахмониданд.
Дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии (COVID – 19) дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg