БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР САРОҲАНГИ БАХТИ ИНСОН

КӮШОНИЁН. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  бахшида ба Рӯзи Модар аёдату дидорбинии як зумра модарони собиқадор ва фаъолзанон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён доир  карда шуданд.

Чунин чорабинии идона дар ташкилоти ибтидоии “Пиронсолон” бо ташрифи  кормандони ноҳияивии ҳизб роҳандозӣ гардида, ба бонувони пешқадам, собиқадорони ҳизбу меҳнат туҳфаҳои хотиравӣ  ҳадя карда шуд. Бонувон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва ҲХДТ, ки сарварии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд, шод гардида, шукри соҳибистиқлолӣ ва амну осоиштагии кишварро баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg