
ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оид ба шарҳу тавзеҳи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 бо сокинони деҳаи Кангурти ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳия ҷамъомади ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадсаид Раҷабзода ва дигар кормандони масъули Кумитаи иҷроия иштирок ва андешаронӣ намуданд.
Нахуст Маҳмадсаид Раҷабзода суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишварро ба ҷамъомадагон фамонид. Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид сокини деҳаи Кангурт Одинаев Шуҳрат андешаҳои худро баён намуда, хоҳиш кард, ки бо қабули 5 нафар сокинони деҳа ба сафи ЊХДТ дар маҳаллаи онҳо ташкилоти нави ибтидоии ЊХДТ таъсис диҳанд.