КӮШОНИЁН. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба Рӯзи Модар ба як нафар зани ниёзманд аз Ҷамоати шаҳраки Бохтариён кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Ин иқдоми инсондӯстонаро модари ниёзманди ҷомеа давоми ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, миннатдории хешро ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб изҳор дошт.