ЁВОН. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фурқати Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо аҳли деҳа суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни суханронӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат оид ба Паёми имсола ибрози ақида намуда, қайд кард, ки дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, шахсони пиру барҷомонда ва ятимону маъюбон вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Сипас, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Солиҳов Маҳмадрасул оид ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуда, сокинонро барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб даъват кард.
Архивӣ Моҳона
- Апрел 2021 (564)
- Март 2021 (524)
- Феврал 2021 (439)
- Январ 2021 (345)
- Декабр 2020 (379)
- ноябр 2020 (302)
- Октябр 2020 (495)
- Сентябр 2020 (734)
- Август 2020 (588)
- Июл 2020 (594)