ВОСЕЪ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, ҷамоати деҳоти Гулистон, ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ ва Тугарак семинари омӯзишӣ оид ба Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида шуд.
Семинарро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ ифтитоҳ намуда, дар бораи моҳияти Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муфассал маълумот дод.
Баъдан муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ кори семинарро пеш бурда, дар фарҷоми семинар ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои саҳеҳ гардонида, ба ҳар яки онҳо Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро дастрас кард.