БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ ПАЁМ ДАР МАҲАЛ

БАЛҶУВОН. Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста миёни сокинони деҳаю маҳаллаҳо суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баргузор карда мешавад. Вохӯрии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев доир гардида, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Исуф оид ба нуктаҳои муҳими Паём ибрози андеша намуда, қайд кард, ки чигуна дар Паём Сарвари давлат таъкид намуданд, соли 2021 соли вазнин дар рӯи давлатҳои ҷаҳон тибқи муқаррароти муовини якуми СММ қайд шудааст. Аз ин рӯ ҳар як сокини кишварро  зарур аст, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок ва оқилона истифода намоянд то душвориҳои ба вуҷудомадаро ба осонӣӣ  паси сар намоем.       

Ҳамчунин аз тарафи иштирокчиён ва кишоварзони деҳа қайд карда шуд, ки меҳнат кардан барои онҳо шараф аст ва касе, ки меҳнати софдилонаю содиқона мекунад, ҳеҷгоҳ муҳтоҷ намегардад ва мо пайваста тарафдори сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатем ва барои пешрафт ва зиндагии шоистаи хеш меҳнат менамоем.

Дар охир барои  сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи он ва дар ин замина иштирок дар озмуни ҳизбии "Беҳтарин сарфакори барқ" ҷамъомадагон даъват гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg