БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ҶАЛОЛИДИНИ БАЛХӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Матбуоти тоҷик дар рушду нумӯи кишвари азизамон, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши муҳим ва муассирро мебозад.  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми васоити ахбори омма хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат менамоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд». Имрӯз рӯзноманигорон дар ҷодаи расонидани иттилоот, инъикоси дастовардҳо ва мушкилиҳои ҷомеаи мо ва ҳифзи манфиатҳои мардум поквиҷдонона ва бо масъулият рисолати хешро иҷро карда истоданд.

Бо мақсади сазовор ҷашн гирфтани Рӯзи матбуоти тоҷик дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони масъули муассисаи давлатии рӯзномаи ноҳиявии “Навиди Балх” чорабинии идона гузаронида шуда,  матбуотчиён бо   Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қадрдонӣ  гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg