БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО...

ВОКУНИШ. Амалҳои манфури террористӣ  чун вабои аср  сайёраи  заминро  фарогир  асту  инсониятро  ба таҳлука андохта истодааст. Воқеъаҳои даҳшатборе, ки дар кишварҳои Афғонистону Яман Мисру Сурия ва дигар рӯй медиҳад ҳеҷ инсони солимфикрро  бартараф  гузошта наметавонад. Ҳама инсонияти сайёра ин рафтори онҳоро маҳкум мекунанд. Кишвари мо рӯзҳои даҳшатбори ҷанги солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки бо дасти ин гурӯҳҳои ифротӣ таҳрезӣ шуда буд,  маҳз дар хотир доранд. Вале мо шукрона аз он мекунем, ки халқи соҳибфарҳангу хештаншиноси мо аз ин амали манфури душманони худ воқиф гаштаву силоҳ аз даст афканда аз сангарҳо ҷониби ҳам оғӯш кушоданд.

Аз миён домани се даҳсола сипарӣ мешавад, вале ҳанӯз ҳам он доғҳо дар қалбҳо боқист. Мо тавонистем даст ба дасти ҳам дода, дар партави даъватҳои Сарвари давлат зарарҳои ин ҷанги таҳмилиро барқарор намоем, ҳатто аз бештар ҳам хубтару нағзтар, вале солиёни зиёде лозим аст, ки захми қалби мо андаке шифо ёбад.

Мардуми шарафманди  тоҷик, ки дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  миллӣ қарор дорад, ҳама амалҳои террористию тундгароиро маҳкум намуда, мардуми сайёраро ба сӯи ваҳдату ягонагӣ, бунёдкорию навовариҳо мехонад. Ҳатто мо бар душманони худ ҳам нигоҳи хайрхоҳона дорем, зеро имрӯз ё фардо онҳо хатоии хешро мефаҳманду назди халқу Ватани худ узр мехоҳанд. Аз забони устод Мирзо Турсунзода гуфтаниам:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Солиҳов Фаррух, мудири шӯъбаи кор ба ҷавонон ва занон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg