БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар ташкилоти ибтидоии «Хизматрасонӣ дар хона» ва «Роҳсозон» ҷиҳати тарғибу ташвиқи  муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрии судманд доир карданд.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули ҳизбӣ вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон, моҳияти озмуну Аксияҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” “Беҳтарин сарфакори барқ!”, истиқболи сазовор аз ҷашнҳои дарпешистодаи Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ карда, иштирокдоронро  ба амалҳои неку созанда раҳнамоӣ карданд.

Инчунин, дар идомаи мулоқот дигар масъалаҳои  вобаста ба ҳаёти  имрӯза мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  вохӯрӣ судманд анҷом ёфт. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg