БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САБАБҲО ВА ОМИЛҲОИ БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ГАРАВИШИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТГАРО

АНДЕША. Баъд аз истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар фазои сиёсии мамлакат ба фаъолият оғоз намудани аҳзобу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ, ки демократияро як ҷузъи муҳими ба ҳадаф расидан дар сиёсати давлатӣ меҳисобиданд, мавҷи нофаҳмию якдигарбадбинӣ дар ҷомеа боло гирифта, оқибат ба оғози ҷанги таҳмилии бародаркуш асос гузошт. Дар  даргириҳои бемаънӣ, ки муддати муайян дар мамлакат идома ёфт,  зиёда аз 150 ҳазор сокинони бумӣ ҳалок гардида, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатамон зарари зиёди ҷуброннашаванда расонид ва бадбахтона то имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи рафъи паёмадҳои ин ҳаводис  ранҷ бурда, барои сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии мамлакат пайваста ҷаҳду талош меварзад.

Агар ба таърихи оғози ҷанги шаҳрвандӣ назар афканем, бармало маълум мегардад, ки асоси оғози он дар заминаи бегонапарастӣ ва истифодаи ғайримунсифонаи ҷавонону наврасон аз роҳи ғалати таблиғи ақидаҳои тундгарои исломӣ манша гирифта,ба пайдо гардидани нофаҳмию якдигарбадбинӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа асоснок мебошад. Ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми асри гузашта ва ба гурӯҳҳои даҳшатафкан пайвастани теъдоди муайяни ҷавонони мамлакат  ба фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом, ки дар даврони собиқ давлати Шӯравӣ  аз солҳои 1970 ба таври пинҳонӣ дар кишвари мо фаъолияти ғайрирасмӣ мекард, марбут ва хеле наздик аст.

Мусаллам аст, ки солҳои 70-уми асри гузашта дар ҳамсоякишвари мо-Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаракатҳои гуногуни исломгаро бо истифода аз эътиқоди динии кишварҳои мусалмоннишини собиқ давлати Шӯравӣ ба таври пинҳонӣ ҳамкорӣ барқарор намуда, барои таблиғи идеологияи исломӣ миёни ҷомеаи мадании мо пайваста чорабиниҳои мушаххасро рӯи даст меоварданд. Ба ҳамин монанд, дар дохили имрӯза кишвари Русия ҳаракатҳои гуногуни исломгароёни иртиҷоӣ дар ҳамон шабу рӯз фаъол гардида, бо истифода аз шабакаҳои муайяни иртиботӣ ва маблағгузории давлати сеюм барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини ислом бо назардошти эътиқоди динии мардум ҳамеша  фаъолияти тарғиботӣ ва омӯзиши таълимоти ифротии диниро миёни насли ҷавон таблиғ мекарданд. Ва натиҷа ҳамин шуд, ки баъди суст шудани пояҳои давлатдории собиқ Шӯравӣ барои расидан ба ҳадаф дастандаркорону тарафдорони  ташкилотҳои тундгарои динӣ аз фурсат моҳирона истифода намуда зери шиорҳои «Нест бод Коммунизм!», «Марг ба коммунистон!»  ва ғайраҳо бо ҷалби васеи ҷавонони ноогоҳ  дар кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус  мамлакати мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро роҳандозӣ намуданд. Ҳатто, иделогияи роҳандозинамудаи онҳо то аҳде ифротгароёна буд, ки дар деҳоти дурдасти мамлакат тарафдорону ҳаводорони онҳо ба омӯзгорон, ки асоси тарбияву омӯзиши насли нав ба фаъолияти густурдаи онҳо вобаста аст, таҳдид шуда, иброз медоштанд, ки «даври шумо ботил шуд ва мо минбаъд таълимоти исломиро дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонем».

Фикр мекунам, ки як сабаби асосии гаравиши ҷавонону наврасон дар кишвари мо ба бегонапарастию ифротгароӣ ин бетаваҷҷуҳии волидайн ва фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом буд, ки боиси марги ҳазорҳо ҳамватани мо ва хисороти зиёди иқтисодӣ гардид. Зеро бархе аз муллоҳо ва имомон минбари масҷидҳоро манбаи таблиғи ақидаҳои бегонапарастӣ намуда, аз роҳу усулҳои муосир иддае ҷавонону наврасони моро гумроҳу бехонумон карданд.

Новобаста аз он ки баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебоист аъзо ва тарафдорони ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҳизби наҳзати ислом  ба зиндагии осоишта бармегаштанд, вале бо истифода аз минбари масҷиду омӯзиши илмҳои исломӣ ва ваъдаҳои зиёди сарвату мол иддае аз ҷавонони мо ақидашӯӣ гардида, ба доми макру фиреб ва ҳиллаю  найранги хоҷагони хориҷӣ ифротӣ шуданд. Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ идао пеш оварда, тамоми ҷурмҳои ба онҳоро рабтдоштаро  ботил кардан мехоҳанд, вале ҳақиқат он аст, ки шумораи муайяни аъзо ва тарафдорони ячейкаи асосии терроризму экстремизм- ҳизби мамнуи наҳзати ислом теъдоди муайян зиндонӣ ё  ҳангоми  иштирок  дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Ховари Миёна ҳалок гардиданд ва ё  кишварҳои урупоиро ҳамчун макони доимии буду боши худ қарор доданд.

Воқеан баъди амалиёти номуваффақи табадуллоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 парда аз рӯи бозиҳои сиёсии ҳаводорон ва тарафдорони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо дастгирии давлати сеюм бардошта шуд. Муайян гардид, ки ин ташкилоти террористӣ ба ҷузъ ба саҳнаи сиёсӣ баромадану таблиғи ақидаҳои исломгароёнаи тунд дигар ягон мақсаду ҳадаф надорад. Ҳатто  кор то ҷое идома ёфт, ки шевотарину гуворотарин мазҳаби динӣ, ки гузаштагони мо парастиши Холиқи якторо тавассути мазҳаби ҳанафӣ таблиғу парастиш мекарданд, бо истифода аз минбари хурофоту исломгароии тунд, қариб ки аз байн бубаранд.

Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ба хотири суст сохтани пояҳои сохтори конститутсионӣ дар мамлакат боиси пайдо шудани дигар равияҳои динию мазҳабӣ дар кишвар гардида, бо иваз шудани тартиби намозгузорӣ дар масҷидҳо низоъро миёни аҳли тақво ба бор меоварданд. Бубинед, ки пайравони ҷараёни «Салафӣ», ки як шохаи фаъолияти сиёсии наҳзатист, тартиби намозгузорию либоспӯшии аҳли мусалмонҳоро зери назорат гирифт. Ё ҳангоми намозгузорӣ хондани намози суннатро миёни аҳли ҷамоа бидъат эълон дошта, дар доираи шиорпардозии исломи сиёсӣ бо фазои навоварӣ дар ислом мухолиф ба пайравони мазҳаби ҳанафӣ амал мекард. Ҳамчунин таъсиси шабакаҳои иртиҷоии «Ансоруллоҳ», «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳизб-ул-таҳрир» ва даҳҳо дигар ҷараёнҳои иртиҷоию  дур аз асли ислом боиси зиёд шудани танишҳои динӣ дар миёни аҳли ҷамоа ва афзоиши гурӯҳҳои тундгаро аз ҳисоби ҷавонону наврасон гардид.

Дар баробари тарғиби ғояҳои ифротгаро миёни насли ҷавон тарзу усули либоспӯшии онҳо низ иваз шуд. Ҷойи либосҳои миллии мо, ки ислом аз давраи пайдоишаш нисбати истифодаи онҳо ягон эътироз надошт, пӯшидани либосҳои туркию арабӣ аз ҷониби ҷавонони ноогоҳ ва бехабар аз асли сиёсату дин муд шуд. Ҳамчунин гузоштани мӯйи сари дарозу риши дароз миёни бархе аз ҷавонписарони мо роиҷ гардида, ҳамчун воситаи таблиғи исломи тундгаро аз ҷониби ташкилотҳои террористию экстремистии манфиатхоҳ айёрона истифода мешуд.

Ба ақидаи дигар дар ҷомеаи суннатии  мо оҳиста-оҳиста «ҳазрату хоҷаю  мавлавиҳои  навбаромад» пайдо мегардид.

Миёни тундгароёни исломӣ ақидае зери унвони «мусалмон бародари мусалмон» шиори ҳамешагӣ шуд, ки бешак арзишҳои фарҳангии миллати моро, ки аз умқи таърих об мехурд, ба якборагӣ нияти барҳам задан дошт. Яъне дар доираи афкори «Миллати ман мусалмон!» ва дар заминаи ин шиор  бунёди давлати исломии яккатоз дар кишварҳои мусалмоннишини Осиёи Миёна мақсаду ҳадафи тундгароёни исломӣ ягона роҳи ба сиёсат даст ёфтани гурӯҳҳои даҳшатафкан маҳсуб меёфт. Онҳо боре андеша намекарданд, ки барои давлат будан арзишҳои фарҳангӣ ба маротиб аз арзишҳои динӣ афзалият доранд. Гарчанде ки фарҳанги исломӣ як ҷузъи муқаддаси фарҳанги миллату  мардуми мо гардидааст, вале ташаккул ёфтани афкори ифротгароии бунёди давлати исломӣ миёни ташкилотҳои экстремистию террористӣ барои забунсозии асосҳои сохтори конститутсионӣ ҳамчун роҳи афзалиятнок ва дастаки таблиғи сиёсати манфиатхоҳонаи гурӯҳӣ боқӣ мемонад.

Таҷрибаи талхи давлатдорӣ дар давлатҳои Ховари Миёна бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки таблиғи ғояҳои исломгароии тунд боиси аз байн рафтани тамомияти арзӣ, фарҳанги миллӣ ва дар маҷмуъ таназули давлатҳо хоҳад буд. Имрӯзҳо кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла  Сурияву Ироқ ва Либияи исломӣ дар доираи таблиғи тундгароии исломӣ чӣ ҳоли табоҳ доранд, мо ба хубӣ эҳсос мекунем. Бубинед, ки ин кишварҳо бо назардошти дар саргаҳи сарватҳои азими истеҳсолӣ, бахусус нафту газ қарор доштану сатҳу сифати зиндагии сокинонашон дар сатҳи олӣ  будан зери ақидашӯии насли ҷавон дар доираи афкори исломгароии хушунатбор имрӯз ба чӣ ҳол омадаанд. Ин кишварҳо дар ҳоли ҳозир чун ҳамсоякишвари мо-Ҷумҳурии Исломии Афғонистон макони буду боши зархаридону террористони байналмилалӣ гардидааст ва мутаассифона бархе аз шаҳрвандони ноогоҳи мо низ дар паҳлӯи онҳо қарор дошта, ба Ватан-Модар, волидан ва хешу табор иснод овардаанд.

Айни ҳол бо истифода аз домони алангаи ҷангу хушунат дар ин кишварҳо давлатҳои пешрафта ба хотири манфиатҳои геополитикӣ ҳамчун таъминкунандаи яроқу аслиҳа ва макони озмоиши навтарин    силоҳи    қатли   ом гурӯҳҳои  мухолифро сарпарастию маблағгузорӣ намуда, ба ақидаи дигар давлат меронанд. Дар ин гирудорҳо кӣ бештар зарари молию ҷонӣ диду мебинад!  Албатта сокинони бумии ин давлатҳо!

Воқеан, рушди давлат ва иқтидорӣ давлатдорӣ аз дараҷаи баланди афкори созандаи насли он вобастагии амиқ дорад. Тарбияи дуруст ва назорати доимии наврасону ҷавонон, ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, омӯзиши таърихи гузаштагон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ҳуввияти миллӣ дар замири насли нав вазифаи ҷонии ҳар як узви ҷомеа маҳсуб меёбад. Дур будану дурӣ ҷустан аз ақидаҳои ифротӣ миёни насли нав назорати доимиро мехоҳад ва мо бояд ба ин масъалаи ҳассос аз сари масъулияту қарзи ватансозӣ муносибат дошта бошем. Биёед таърихи забунсозии давлатро дар мисоли кишвари Либия, ки дар даврони роҳбарии Муҳаммар Казофӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи минтақаи Ховари Миёна буд, пеши назар орем. Шароити иҷтимоии давлат ва сатҳу сифати зиндагии сокинони ин кишвар хеле пешрафта буд. Ҳатто кормандони касбу кори гуногун музди меҳнати хеле баландро соҳиб буданд. Хароҷоти илмомӯзӣ дар хориҷ аз давлат аз ҳисоби буҷаи давлатӣ пардохт гардида, истифодаи неруи барқ барои тамоми сокинон бепул буд. Истифодаи маҳсулоти нафтӣ аз об дида арзонтар ва давлат барои ҳар як навхонадорон маблағи бебозгашту барои бекорон ҳар моҳ  идрорпулӣ муқаррар карда буд. Вале доираҳои манфиатҷӯ бо баҳонаи муқобили эътирозгарон истифода шудани аслиҳаи кимиёвӣ ин давлатро муддати анқариб 10 сол ба лонаи террористону зархаридони хориҷӣ табдил дода, роҳбари давлати Либияро, ки муддати зиёд барои рушди давлатдории миллӣ мусоидат карда буд, ваҳшиёна ба қатл расониданд. Ин ҳаводис дар пасманзари истифодаи ҷавонони ноогоҳу ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтида рӯи кор омада, тақдири мавҷудияти як давлатро дар харитаи сиёсии ҷаҳон зери суол бурд.

Бинобар ин тақдири имрӯзи ин миллатҳо корзореро мемонад, ки аъзо ва пайравони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом солҳои 90-уми асри гузашта мехостанд дар кишвари мо амалӣ созанд.

Мусаллам аст, ки ҳеҷ як амали ғосибонаю мақсаднок аз назари мардуми ҳушманди мо дур нахоҳад буд. Ҳамин буд, ки бо назардошти назорат ва ҳифзи арзишҳои умумимиллӣ назорати фаъолияти ташкилотҳои динӣ дар доираи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба такмил ёфта, барои пешгирии гароиши ҷавонону наврасон ба ташкилотҳои иртиҷоӣ тадбирҳои судманд мавриди амал қарор дода шуданд. Махсусан ба кишвар баргардонидани донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои динии давлатҳои хориҷӣ ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, зери назорати ҷиддӣ гирифта шуда, теъдоди зиёди онҳо ба кишвар баргардонида шуданд. Ба Ватан баргардонидани онҳо бори дигар чеҳраи ҳазину шахшули ташкилотҳои террористию экстремистиро, ки бо истифода аз минбари муқаддаси ислом ҷавонони моро ба сӯи бегонапарастию ифротгароӣ талқин мекард, ба таври возеҳ собит сохт.

Ҷаҳони пуртаззоди имрӯз  моро ҳушдор медиҳад, ки бо назардошти дар саргаҳи чолишҳо қарор доштани кишвари маҳбубамон назорату тарбияи насли наврасро, ки ояндаи давлатдории мо аз ақидаи солими сиёсии онҳо вобаста аст, аз имрӯза дида ҷиддитар гирем. Зеро имрӯзҳо эҳсос мешавад, ки бо назардошти дастрасӣ доштани аксари сокинони мамлакат ба истифодаи шабакаҳои интернетӣ эҳтимоли мағзшӯии ҷавонону наврасон ва пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ вуҷуд дорад. Ба ҳамин монанд, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ки хоси аксари давлатҳои ҷаҳон аст, моро ҳушдор медиҳад, ки ба ин масъалаи ҳассос аз сари масъулият рафтор намоем. Зеро гурӯҳҳои даҳшатафкану террористӣ дар бисёр маврид ҷавонони моро барои ба доми худ афтонидан аз муҳоҷирони кории мо, ки бештар дар кишвари Русия кору зиндагӣ мекунанд, саъю кӯшиш мекунанд. Ва мусаллам аст, ки қисмати зиёди муҳоҷирони меҳнатии мо аз пушти мизи хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ раванди муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр намуда, дар бисёр маврид донишҳои амиқи сиёсӣ надоранд.

Дар ҳоли ҳозир эҳсос мешавад, ки ташкилотҳои иртиҷоии ба ном ислоҳталаб ба монанди Паймони миллии Тоҷикистон, Гурӯҳи 24, Ҷунбиши муҳоҷирони "Осиёи Марказӣ», Ҳаракати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушд ва ғайраҳо барои мағзшӯии ҷавонони муҳоҷири мо барномаи махсусеро рӯи даст гирифтаанд. Ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардидани барномаҳои сар то муғризонаю тарғибгари ғояҳои ифротӣ моро вазифадор месозад, ки дар самти ҳамкории густурда бо волидайни муҳоҷирони меҳнатӣ ва робитаи мустақим доштан бо ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамкории мустақим дошта бошем.

Ҳамин буд, ки дар Паёми соли гузашта (26.12.2019) Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини аҳолии қобили меҳнат, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кори доимӣ дар дохили кишвар дар назди вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, бобати  таъсиси ҷойҳои корӣ ва пешгирии афзоиши муҳоҷирати меҳнатии сокинон ба хориҷи кишвар дастурҳои мушаххас дода шуданд. Айни ҳол вобаста ба имконоти давлат ва бунёди корхонаю коргоҳҳои хурду бузург аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ва дар доираи сармоягузориҳои давлатию хориҷӣ сокинони қобили меҳнат дар гӯшаю канори мамлакат давра ба давра бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд, ки ин омил бобати пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва аз байн бардоштани бегонапарастӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа мусоидати фаъол менамояд.

Иродаи сиёсии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба бегонапарастию пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро тағийрнопазир аст ва мардуми кишвари маҳбубамон бо назардошти аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки асоси он аз гурӯҳбозию дастаки сиёсӣ намудани дини мубини ислом сарчашма гирифт, ба хуби эҳсос менамоянд, ки ягона василаи оромию осоиштагии кишвар ин ваҳдату якдилӣ ва сарҷамъ будан зери сиёсати ояндасози Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва мо ҳизбиён, фаъолони ҷомеаи маданӣ бо он шароиту имконоте, ки дорем бояд пайваста дар ҷомеа бобати пешгирии падидаҳои муосири ифротгарию бегонапарастӣ муборизаи беамон барем. Зеро Тоҷикистон-Ватани маҳбуби мо танҳо бо меҳнати аҳлонаю софдилона ва ақидаҳои солими сиёсӣ метавонад ободу зебо гардад. Давом додани кору пайкори ниёгон, истифода аз таҷрибаи давлатдорию зиндагиномаи онҳо барои ҳар як узви ҷомеаи имрӯзи мо хеле муҳим буда, дастгирӣ аз сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси фаъолияти ҳаррӯзаи мо ҳизбиён дар таҳкими арзишҳои умумимллӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва дигар ҷанбаҳои давлатдорӣ маҳсуб меёбад, ки мо вазифадорем ба онҳо аз сари масъулият арҷ гузорем.

Назарзода Толибҷон Мирзомад, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg