Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади ба шаҳрвандон фаҳмонидани муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо кормандони ташкилоти ибтидоии «Роҳсоз» суҳбати сарироҳӣ доир намуда, муҳтавои Паём сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаро ҳаматарафа фаҳмонида доданд.
Ба кормандон фаҳмонида шуд, ки нигоҳубин ва таҷдиди роҳи мошингарди ноҳия вазифаи асосии кормандони муассиса буда, сари вақт таъмиру азнавсозии роҳҳоибайни хоҷагироба анҷом расонанд. Инчунин, корҳои ободонию созандагиро ҳаматарафа ба роҳ монда, дар шафати роҳҳо дарахтони ҳамешасабзу ороиширо шинонанд.