Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон ва эҳтиром гузоштан ба насли калонсолу гузашта, эмин нигоҳ доштани ҳифзи оромгоҳҳо ва тарбия намудани насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллиамон Аксияи умумуминоҳиявӣ таҳти унвони «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, ходимони дин, дар 4 қабристони деҳаҳои ноҳия баргузор намуданд.
Дар қабристонҳои деҳаҳои Арабхона, Бешкенти Ҷамоати деҳоти Истиқлол,
Сангобаи Ҷамоати деҳоти Наврӯз ва дар қабристони калони деҳаи 44-Чашма бо иштироки васеи сокинон Аксияи «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор гардида, гирду атофи Оромгоҳи деҳа, тоза карда шуда, панҷараҳои атрофи он рангубор карда шуданд.Инчунин, бо дастгирии сокинон дар аторфи оромгоҳи мазкур зиёда аз 400 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи арча шинонида шуда, мавзеи оромгоҳ масоҳати хело калон дошта, дар он аз 4 деҳа ва қисман аз ноҳияи Шаҳритуз фавтидагонро дафн мекунанд.