АНДЕША. Таърих собит месозад, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим ба кишту кор ва чорводорӣ шуғл дошта, дар ин самт таҷрибаи ғанӣ доранд. Кишоварзӣ яке аз соҳаҳоест, ки аҳолии ҳар як давлатро бо маҳсулоти худӣ таъмин менамояд. Аз ин лиҳоз ҳар як давлат дар ин самт имтиёзҳои дахлдорро ба роҳ мемонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолият ба даст оварда, шаҳрвандон аз лиҳози кам будани маводи озуқаворӣ танқисӣ мекашиданд. Бо дастгирии ҳукумати кишвар барои мардуми деҳот иҷозат дода шуд, ки тамоми талу теппаҳоро кишту кор намуда, аз он даромад ба даст оранд. Мардуми деҳот дар солҳои 90-ум заминҳои лалмие, ки дар он техникаҳои кишоварзӣ имкони ҳаракатро надоштанд, ғалладонагиҳо кишт карда барои ғизои оилаи худ истифода мебурданд. Дар натиҷаи истифодаи самараноки заминҳои лалмӣ арзиши ғалладонагӣ коҳиш ёфта дар тамоми манотиқи кишвар ба аҳолӣ дастрас шуд. Тамоми аҳолӣ аз маҳсулоти ғалладонагӣ ба моананди гандум, наск, зағир, нахуд ва ғайра захираи ду се сола дошт. Зеро онҳо имтиҳони сахти зиндагиро паси сар намуда буданд ва дигарбора бо чашми сар дидани чунин машақатро намекарданд. Ба ҳамагон маълум буд, ки солҳои 90-уми асри гузашта дастрасии нон ва маводи озуқаворӣ мушкил буд.
Айни ҳол вазъияти имрӯза барои аҳолӣ мӯътадил аст. Яъне, ҳар як нафар мувофиқи имконият ва хости дилаш метавонад маҳсулотеро харидорӣ намояд. Бештари шаҳрвандон дар заминҳои обию лалмӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил намуданд ва онро на ҳамаи онҳо мақсаднок ва самаранок истифода мебаранд. Роҷеъ ба ин масъала мунтазам Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки замин аз ҷониби кишоварзон самаранок истифода бурда шавад ва дар он ду се маҳсулот кишт карда шавад.
Дар сурати кишти заминҳои корам диққати зарурӣ ба тухмии хушсифат ва заҳрхимикатҳо дода шавад. Зеро дар шароити имрӯза зарур аст, ки барои нашъунамои зироат ва маҳсулоти кишоварзӣ диққати ҷиддӣ бояд зоҳир карда шавад.
Агар мо бо 10 соли гузашта қиёс кунем кишоварзон аз нарасидани тухмӣ, техникаҳои муосири кишоварзӣ танқисӣ мекашиданд. Имрӯзҳо бошад бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як деҳа зиёда аз 5-10 техникаҳои нави кишоварзӣ аст, ки деҳқонон ба он дастрасӣ доранд.
Дар бозор ва маркази ҷамоатҳо ҳатто дӯкони фурӯши тухмии хушсифат ва доруҳо ба роҳ монда шудааст. Инчунин, тамоми бонкҳо, ташкилотҳои хурди қарзӣ барои кишоварзон маблағи қарзӣ бо фоизи паст роҳандозӣ намудаанд, ки кишоварзон аз ин имтиёз бархурдор мебошанд.
Кишоварзонро зарур аст, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар ғанӣ гардонидани маҳсулот саҳми хешро гузоранд. Ҳатто барои паси сар намудани мушкилоти баъди пандемия Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагиҳои деҳқонии фермериро аз супоридани андози ягона озод намуд. Албатта ин ҳам як дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Сафар Ҳафиза Разоқ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ