БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҳадафи асосии ҲХДТ

НОРАК. Дар деҳаи Хоҷаабдолони ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумринисо Гулмуродзода ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  Ғафурзода Фирдавс иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Нахуст, Қумринисо Гулмуродзода  оид ба дастуру ҳидоятҳое, ки аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар суханронӣ намуд.

Баъдан дар идомаи суҳбат Ғафурзода Фирдавс дар назди ҷамъомадагон  атрофи аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф зада, баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ маслиҳатҳои судманд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg