БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҲАМАДОНӢ. Бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Мактаби варзишӣ, “ЛКТ №17”, “Ориёнбонк”, “Раёсати андоз”, “КАТС”, “Беморхонаи марказӣ”, “Коллеҷи тиббӣ”, “Идораи давлатии нигоҳдории роҳ”, “Шуъбаи дезинфексия”, “Корхонаи Баракати Раҳмон”» семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Семинарро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода гузаронида, муҳтавои “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” шарҳу тавзеҳ дода, қайд кард, ки роҳнамои мазкур ҳамчун дастурамал барои масъулони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таҳия гардида, асоси назариявию методӣ ва ҳуқуқию амалии масъулини ҳизбиро ташкил медиҳад.

Роҳнамо аз бандҳои ҳаракати аъзои ҳизб, шарафмандӣ ва ҳавасмандгардониҳо, тартиби қабули узвият ба сафи ҳизб, тартиби бақайдгирии узви ҳизб, ҳуқуқу уҳдадориҳои узви ҳизб, қатъ гардонидани узвият дар ҳизб ва ё хориҷ кардани узви ҳизб иборат буда, ҳамаи бандҳо шарҳу тавзеҳ дода шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg