ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мацомоти болоии ҳизб масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона»гардиш доир намуданд.
Масъулин ҳангоми суҳбат бо сардорони оилаҳо иброз доштанд, ки риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили истифода аз усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи ниқоб, ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, масалан, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист ва ғайра. Инчунин, ба онҳо маводҳои безараргардонӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.