БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲНАМО АСОСИ ҲУҚУҚИЮ АМАЛИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ семинари омӯзишӣ оид ба “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” бо раисони ташкилотҳои ибтидоии “Шабакаҳои барқ”, “Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ”, “Маркази таъмини бехатарии амнияти озуқаворӣ”, “Бахши фарҳанг”, “Хоҷагии ҷангал”,  “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва “Омор” баргузор гардид.

Семинарро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода гузаронида, моҳияти  “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ”-ро шарҳу тавзеҳ дод. Мавсуф дар суҳбат қайд кард, ки роҳнамои мазкур ҳамчун дастурамал барои масъулони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таҳия гардида, асоси назариявию методӣ ва ҳуқуқию амалии масъулини ҳизбиро ташкил медиҳад.

Роҳнамо аз бандҳои ҳаракати аъзои ҳизб, шарафмандӣ ва ҳавасмандгардониҳо, тартиби қабули узвият ба сафи ҳизб, тартиби бақайдгирии узви ҳизб, ҳуқуқу уҳдадориҳои узви ҳизб, қатъ гардонидани узвият дар ҳизб ва ё хориҷ кардани узви ҳизб иборат буда, ҳамаи бандҳо шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg