Ҷ.БАЛХӢ. Дар муассисаи тащсилоти миёнаи умумии №27 Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандни масъули Кумитаи иҷроия дар ноҳия вохўрии навбать гузаронида шуд.
Зимни баромад масъулин оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи субҳи маърифат”, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, фаъол гардонидани шаҳрвандон ба хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл, вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия ва оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуда, иштирокдоронро барои татбиқи амалҳои созанда раҳнамоӣ карданд.