ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эҳё ва муаррифии ҳунарҳои мардумии ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи касбӣ- техникии №51-и ҷамоати шаҳраки Панҷ вохӯрии навбатӣ гузаронида шуд.
Шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи бо хунарпешаи шинохта муаллима Сафарова Моҳистон ва шогирдонаш вохӯрӣ баргузор намуда, аз хунарҳои дастии ва таомҳои миллии таёрнамудаи онҳо шинос шуданд.