БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҲИЗБИ ТАШАККУЛДИҲАНДАИ ҶАҲОНБИНИИ МУОСИР

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии «Чорсӯ» бо аъзо, фаъолони ҳизб ва сокинони ин маҳалла вохӯрӣ барпо гардид.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Файзизода Каримҷон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, Амалиёти ҳизбӣ бо мақсади амалӣ шудани Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» ва ҷалби корхонаҳои азими истеҳсолӣ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ин аксияҳо, оид ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар самти таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, хизмат ба Ватан -қарзи шаҳрвандӣ, таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як қитъаи замин, пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус ва оид ба ҷилавгирии   ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сухан ронд.

Зимни вохӯрӣ бобати дар амал татбиқ намудани Аксияҳои ҳизбии «Якҷоя месозем!» ва «Беҳтарин сарфакори неруи барқ» ба иштирокчиён суҳбати судманд ва дастуру пешниҳодҳои ҳизбӣ дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg