ЛЕВАКАНТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Бахши фарҳанг» хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки мавзуҳои муҳими рӯзро дар бар гирифт.
Суҳроб Валиев, мудири шуъбаи таблғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иљрояи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни суҳбат изҳор дошт, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар қатори самтҳои дигари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ташаккули маънавиёти ҷомеа, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ дар байни наврасону ҷавонон диққати махсус дода шуд.
Аз ин рӯ беҳтар гардидани фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхона ва марказҳои фарҳангӣ, тарбияи эҳсоси зебоипарастӣ ва дарки фарҳанги асил дар замири аҳли ҷомеа ва ҳоказо аз вазифаҳои асосии сохторҳои ҳизбӣ ба шумор мераванд, ки ҳар аъзои ҲХДТ-ро водор ба он месозад, то онҳоро дар зиндагии ҳамарӯзаи худ татбиқ намоянд, гуфта гузаштанд.