БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “НАВРӮЗ”

ҶАЙҲУН. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» омили хубе барои ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ гардида, дар эҳё, ташаккул, рушд ва истифодаи самараноки ҳунарҳои мардумӣ саҳми босазо хоҳад гузошт.

Вобаста ба тақвият бахшидани фаъолияти ҳунармандии бонувон, аз ҷумла ҳавасмандгардонии духтарон дар ин самт тариқи ташкили чорабиниҳои гуногуни шавқангез ва  бахшида ба муносибати “Рӯзи Модар” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз”-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур маҳсулоти навъҳои гуногун ба мисли гулдӯзӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, рассомӣ, сабадбофӣ ва анвои нонӣ ба намоиш гузошта шуда, аз хунари волои  ҳунармандон намояндагони ҳизбӣ дидан карда, ба маҳорати баланди бонувони ҳунарманд баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg