БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ИТТИФОҚ»

ДӮСТӢ. Маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Иттифоқ" гузаронидани шуд. Дар маҷлиси мазкур раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Иттифоқ" Н. Султонова аз фаъолияти ташкилот дар ду моҳи соли 2021 ҳисобот дода, вобаста ба кору нақшаҳои минбаъдаи ташкилоти ибтидоии мазкур фикру ақидаи худро иброз дошт.

Сипас аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуд. Инчунин, ба ҳозирин оид ба риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" фаҳмонида шуда, дар поёни маҷлис оид ба тайёрӣ ба ҷашнҳои дарпешистода, хусусан Наврӯзи байналмиллалӣ ёдрас карда шуд, ки ҳамаи мо дар чорабиниҳои мазкур бояд фаъолона иштирок намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg