БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ МЕРОС АЗ НИЁГОНИ ТОҶИКОН

АНДЕША. Бо талошу иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  “ Ҷашни Наврӯз ” ҷаҳонӣ гардида,  дар ҳамаи давлатҳои дунё ин ҷашни қадимаи тоҷиконро истиқбол мегиранд, ки боиси ифтихори мо тоҷикон мебошад.  Зеро  ки бори дигар ин ҷашни  “Наврӯз” собит месозад, ки дар ҳақиқат тоҷикон қадимтарин миллат буда, тамаддуни қадимаи худро дар тӯли қарнҳои зиёд то ба ҳол ба вазъи сиёсии давраҳои таърихӣ нигоҳ накарда ба мо мерос мондаанд.

Гувоҳи гуфтаҳои мо ин аст, ки худи номи аслии ин ҷашн аз замони пайдоишаш то кунун барои мо тоҷикон тағйир наёфтаасту дар қатори тамаддуни кӯҳанмиллат буда, забони тоҷики низ эътибору қурбашро гум накарда пайваста давра ба давра рушд намуда истодааст.

Барои исботи ин гуфтаҳо қайд карданист, ки худи калимаи “Наврӯз” - маънияш Рӯзи нав оғози соли нави мо тоҷикон мебошад, аммо маънии аслии худро то замони мо нигоҳ доштааст. Дар ин рӯзи ҷашни Наврӯз мардумон ба дашту даман баромада хурсандиҳо карда, ба якдигар муборакбод гуфта якдигарро бо шеъру суруд, гулу туҳфаҳои наврӯзӣ қадрдонӣ мекунанд. Писарон баъди хӯрдани таъомҳои  миллии наврӯзӣ ба майдонҳои гуштингирӣ, бузкашӣ ва дигар намуди мусобиқаҳо рафта, нерӯю товонои худро месанҷиданд. Дар ин рӯз ҳар як хонадон баҳри омода намудани як навъи хӯрокҳои миллӣ, суманак, отала, ширбиринҷ, шилла, далда, ширкаду, оши палав, оши бурида, сиёҳалаф ва ғайраҳо мешуданду онҳоро дар назди мардум дар майдони “Наврӯзгоҳ” мепазонданду пешкаши аҳли деҳаю меҳмонон менамуданд. Бо ҳамин васила меҳру муҳаббати ҳамдеҳагонро зиёда намуда, кинаю адоватро дур карда, якдигарро мебахшанду аз дил берун мекарданд, то ки дигарбора бо якдигар қаҳрӣ набошанд. Деҳқонон бо мақсади фаровонии ҳосил тухми умедро барои соли нав ба замин мекоштанд. Ранҷурон  ва беморон дар майдон Наврӯзгоҳ гулхан омода карда, аз болояшон ҷаҳида аз худои оташ талаб мекарданд, ки ранҷурии манро гирифта, саломатиамро диҳед гӯён семаротибагӣ бо суханони сеҳри худ такроркунон зардии рӯямро бигир,, сурхии рӯямро бидеҳ, мегуфтанду аз болои гулхан меҷаҳиданд.

Аз замонҳои қадим тоҷикон дар қатори ҷашни Наврӯз боз ҷашнҳои дигаре, ба монанди Сада, Меҳргон, Тиргон низ доштанд, ки ин ҷашнҳои мардуми ориёнажод, яъне тоҷикон низ таърихи ниҳоят қадима дошта, имрӯз миллати тоҷик баҳри дубора зинда кардани ин ҷашнҳои миллӣ, ки аз байн рафта буданду нишонаҳояш дар байни мардум боқӣ монда буд, бо ташаббусу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣӣ Раҳмон  дар асоси таҳлилҳои илми асоснок онҳоро зинда ва барқарор намуда истодаанд.

Аз ин хотир мо хурду бузурги ин кишвар баҳри амалӣ  гардидани барномаи Сарвари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум талош варзем.

КАРИМЗОДА  Пирмуҳаммад Авғон  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg