БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Либоси миллӣ нишоне аз таъриху фарҳанги қадимаи ҳар як халқу миллат аст

ПАНҶ. Вохӯрии навбатии  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  бо сокинони маҳаллаи Сабзиҳарфи ҷамоати деҳоти Меҳвар  доир гардид.

Мавзӯъи мубрами рӯз, ки дар вохӯрӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт,  баланд бардоштани ҳуввияту асолати миллӣ бо мақсади пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона буда.  Дар баромадҳо таъкид гардид, ки вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ, майл намудани занону духтарон ба фарҳанги бегона, ташвиқи либосҳои аз фарҳанги тоҷик дур ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст.

Қарор гирифтани тақлид ба фарҳанги бегона, фаромӯш кардани муқаддасоти миллӣ, аз қабили анъанаву расму оин ва фарҳанги либоспӯшии миллӣ низ мисли фаромӯш сохтани забони модарӣ ва паст задани арзишҳои хоси миллат мебошад.

Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Либоси миллӣ нишоне аз таъриху фарҳанги қадимаи ҳар як халқу миллат аст. Нигаҳдории либоси миллӣ ва аз насл ба насл  ба мерос гузоштани он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди соҳибхиради ҷомеа  мебошад.

Ба ибораи дигар, фарҳанг ҳамон чизест, ки ҳувияти фардӣ ва иҷтимоии як миллатро  таҷассум менамояд.

Аз ҷумла, дар баромадҳо баён шуд, ки ҷаҳонишавии тамаддунҳо барои миллати мо, тоҷикон, хусусан ҷавонон бояд ба минбари баланди тарғиби таърихи куҳан, забону фарҳанги бою ғанӣ доштан, мавриди нишон додани арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои қадимаамон табдил ёбад, то ҷаҳониён бинанду биомӯзанд, ин ҷаҳонишавӣ набояд боиси гумроҳона шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ, қабули таассуби динию кӯр-кӯрона тақлид кардан ба фарҳанги  бегона  гардад.

Дар робита ба ин масъала  лозим меояд,  ки аҳли ҷомеа  дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавию фарҳангии ниёгон ва ватандӯстии шаҳрвандони кишвар  саҳмгузор  бошанд.

Пеш аз итмоми  вохӯрӣ чанде аз иштирокчиён оид ба ин масъала андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар нигоҳ доштани асолати миллӣ ва баланд бардоштани маърифати либоспӯшии занону  духтарони  маҳалаашон  саҳмгузор  мешаванд.

Дар охир, бо хоҳиши сокинони маҳалла ташкилоти ибтидоии «Сабзихарф» таъсис дода шуда, 10 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg