ВОКУНИШ. Маънои ифротгароӣ дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои аз ҳад гузаштан, дар коре зиёдаравӣ кардан аст. Шахсеро ифротгаро меноманд, ки вай ба сухани дигарон гӯш намедиҳад ва сухани худро ҳақ медонад.
Имрӯз ифротагароиро мо дар дину мазҳаб бештар мебинем ва маҳз ҳамин ифротгароии динӣ боиси ҷанг, низоъ, нооромӣ, вайроншавии суботи сиёсӣ дар байни мусулмонон ва сабаби дигар мушкилиҳои имрӯзаи давлатҳои мусулмонишин: Сурия, Яман, Ироқ, Афғонистон ва дигарҳо гардидааст. Пайравони ифротгарои динӣ дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амалӣ кардани таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузаранд.
Шахси ифротгарои динӣ аслан аз дини мубини ислом хабар надорад. Динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарҳо низ чунин тарзи амалро интизор ва тавсия менамояд. Ин хатофаҳмӣ боис мешавад, ки фазои сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоии ҷомеа халалдор гардад. Онҳое, ки дини исломро хуб медонанд ҳеҷ вақт ба ифротгароии динӣ розӣ шуда наметавонанд ва ин амали носавобро нисбати дин таҳқир мешуморанд ва ба ифротгароии динӣ муқобилият нишон медиҳанд.
Имрӯз гурӯҳҳои ифротгароии диниро, ки кӯшиш мекунанд, ҷавонони ноогоҳро ба сафҳои худ гиранд, дар тамоми кишварҳои олам дидан мумкин аст. Онҳо баъди бурдани корҳои таблиғотӣ ба ибораи дигар “мағзшӯӣ” сафҳои худро аз ҳисоби ҷавононе пурра менамоянд, ки онҳоро аз ақидаи пучи дар сарҳои онҳо ҷойнамуда дур намудан хеле душвор аст. Онҳо омодаанд, ки барои ақидаҳои зидди динии худ, яъне ифротии худ ба муқобили онҳое, ки садди роҳашон мешаванд ё ба фикри онҳо розӣ нестанд, мубориза баранд, қатлу куштор намоянд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ифротгарои динӣ, ки имрӯз силоҳи муборизаи геопалитикӣ гардидааст ва ба давлатҳо, миллатҳо, инсонҳо хатари ҷиддӣ пеш овардааст, вазифаи ҷонии тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.
Саймумин Бобоназаров, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг