БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ТАНЗИМГАРИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ СОКИНОН ВА ЗАМИНАСОЗИ ТАЪЛИМ ДАР НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ҶАВОН

БАЛҶУВОН. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи  илму маориф” эълон гардидаанд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд. Муассалам аст, ки ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Баҳри фаҳмонидани мазмуну  муҳтавои Паём дар самти  соҳаи маориф бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии №2-и деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи  Сафар Амиршоев  бо иштироки   гурӯҳҳои кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон мулоқоту вохӯрӣ доир гардида,тамоми таъкидҳои  Сарвари давлатро ҷиҳати саводнок гардонидани насли ояндасози давлату миллат расонида, ба омӯзгорон бори дигар муроҷиат карданд, ки дар ин самт диққати зарурӣ дода, сатҳи таълиму тарбияро дуруст ба роҳ гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg