
АНДЕША. Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як Паёмаш дар бораи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа сухан ронда, ба фаъолияти онҳо дар тарбияи насли наврас, ҳифзи саломатии мардум ва рушду тараққиёти мамлакат баҳои арзанда медиҳад. Мо таваҷҷуҳи Пешвои миллатро нисбати занону бонувон пайваста эҳсос менамоем. ”Нигини тоҷи миллат” хондани мо - занон аз ҷониби Сарвари давлат баҳои арзандатарин мебошад.
Ҳамчунин, дар Паём Пешвои муаззами миллат изҳор намуданд, ки “То вақте ки ҳастам, ҳамин сиёсати худро доир ба дастгирии занону бонувони мамлакат ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунам ва ба Шумо содиқона хизмат мекунам”. Бо шунидани ин сухан дар мо таассуроте ба амал омад. Дар замонаш ҳам Шоҳ Исмоили Сомонӣ гуфта буд: То вақте, ки ман зиндаам, девори Бухороям . Бешак, Исмоили Сомонӣ дар рӯҳу равони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайвасту ногусастанист.
Дар ин ҷо нуктаи дигарро низ бояд зикр намуд, ки ҳамарӯза дар ҳаёти занону бонувон ба чашм мерасад. Ин баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Мувофиқи натиҷаҳои соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.
Шумораи занон дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, аз ҷумла дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг ҳам ба ҳисоби миёна ба 30 фоиз расидааст, ки нисбат ба даъватҳои дигар зиёд мебошад.
Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ин раванд дар ноҳияи Ховалинг ҳам бараъло ба мушоҳида мерасад.
Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд,- омадааст дар Паём. Бояд зикр намуд, ки шумораи зиёди кормандони соҳаи иҷтимоии ноҳияи Ховалингро ҳам занону бонувон ташкил медиҳанд. Саҳми занону бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.
Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.
Дар Паём омадааст, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд ҳам низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.
Боиси сарфарозии мо занону бонувон мебошад, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи “ Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Соли 2021 барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла мо занону бонувон соли таърихист. Дар ин сол 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Мо бонувон дар сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат устуворем ва ҷавобан ба ғамхорӣ ва дастгириҳои Президенти мамлакат боз ҳам хубтару беҳтар ба нафъи мардум кору фаъолият менамоем.
Гавҳарбӣ Ғоибназарова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг