ШАҲРИТУС. Вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ бахшида ба таҷлили “Рӯзи Модар” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус чорабиниҳои гуногуни фарҳангиро доир карда, ба аёдати занони собиқадори меҳнат, бонувону ҷавондухтарони маъюб рафта, онҳоро ба муносибати Рӯзи Модар ва фарорасии фасли баҳор шодбош гуфтанд ва ба онҳо таҳфаҳои идона ва кумаки молиявии ҳизбиёнро расониданд.
Дар ин рӯз хурсандии занону модаронрро хадду канор набуда, барои ташкили чунин чорабниҳои рангоранги ҳизбӣ ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдории худро баён карданд.