ҶАЙҲУН. Вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Чайҳун бахшида ба таҷлили “Рӯзи Модар” як қатор чорабиниҳои фарҳангию фароғатиро дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб роҳандозӣ намуд. Чунин як чорабинии бошукӯҳро бахшида ба Рӯзи Модар кормандони Кумитаи иҷроия доир карда, ба 3 нафар занону бонувони фаъоли ҳизб кумаки молиявӣ расонида, онҳоро ба муносибати Рӯзи Модар ва фарорасии фасли баҳор шодбош гуфтанд.
Ҳамзамон, дар арафаи ин ҷашн бо дастгирии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, ба 11 нафар занону модарони собиқадор ва ятимдухтарон туҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда шуд.