БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НУКТАҲОИ ПАЁМ ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ДОДА ШУД

ХОВАЛИНГ. Дар  асоси нақшаи  кории намояндагии  ТҶҶ  “Созандагони  Ватан”-и Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи Ховалинг оид ба   омӯзиши  Паёми  навбатии  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  муасссисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  №5    вохӯрӣ  доир  карда шуд.

Дар  ин вохӯрӣ  Исфандиёр  Саидмаҳмудов  мудири шуъбаи  кор  бо  ҷавонон  ва  занони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳия ба  сухан  баромада,  ба  хонандагон оид ба    Паёми  Пешвои  миллат ба  таври  муфассал маълумот  дода, таъкид намуд, ки Роҳбари давлат борҳо дар ҳама суханрониҳояшон дар бораи такмили илму дониши хонандагону толибилмон таъкид месозад. Аз ин рӯ мо масъулинро  зарур аст насли ояндасози давлату миллатро ба омӯзонидани илму дониши замонавӣ, кор бо технологияи муосир, омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намоем, то ин ки онҳо дар оянда  мутахассисони соҳибкасбу соҳибтаҷриба гардида, ба халку Ватани хеш хизмат намоянд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg