ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва неруи барқ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ намояндагони ҳизбӣ оид ба солим нигоҳ доштани саломатии худ ва дигарон, риояи гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист андешаронӣ карда, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ ва варақаҳои тарғиботиро дастрас намуданд.