БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЭТ ҲНИ –ҲИЗБИ ИҒВОАНГЕЗ

ВОКУНИШ.  Дар шароити муосир новобаста аз мушкилоти бузурги иқтисодиву молиявии ҷаҳон, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати озод сиёсати демократӣ,  дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро муназзам пеш бурда истодааст.

Аз ин дастовардҳо бояд шукрона намуд, лекин ашхосу гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба қадри ин бузургиҳо намерасанд, балки тавассути ҳаракатҳову фаъолияти ғайриқонунии худ мехоҳанд ба ҳаёти осоиштаву ободи кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонанд. Дар сари ин гуна ҳаракатҳои ба ном исломӣ ТЭТ ҲНИ меистад, ки аз рӯзи ташкил гардиданаш то ба имрӯз амалҳои хиёнаткоронаи худро нисбати давлату миллат тарҳрезӣ карда истодааст. Лек ин амалҳои пасипардагии наҳзатиён ҳеҷгоҳ амалӣ намешавад.

Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун, амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» ин ҳаракатҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату таззод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми ҷомеа мегарданд.

Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ беш аз таърихи 40 сола дорад, лекин таърихи сиёҳи онҳо дар хотираи мардум бо рӯзҳои сиёҳ нақш бастааст. Ҳанӯз аз солҳои 70 – уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи ба сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Маҳз дар сари урдугоҳи мухолифин роҳбарияту размандагони ҲНИ меистод ва то ба охир мақсади аз байн бурдани давлати мустақили Тоҷикистонро дошта буданд. Лек диданд, ки дар ҷанг бо ҳокимияти конститусионӣ мағлуб мешаванд, роҳи сулҳ пеш гирифтанд ва баъди имзои созишномаи сулҳ, ин ҳизб парлумонӣ гардид. Аммо набудани имконоти сари қудрат омадани наҳзатиён тавассути интихобот, оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии онҳоро кушод.

ТЭТ ҲНИ мисли солҳои 90 –ум сенарияи табаддулотро истифода намуд. Ин амали хиёнаткоронаи наҳзатиён, охирин шонси ба сари қудрат омадан буд, ки билохира он шикаст хӯрд. Он нақшае, ки аз ҷониби баъзе аз кишварҳои хориҷӣ, бо дасти ҲНИ ва размандагонаш табаддулоти давлатӣ дар Ватани азизамон - Тоҷикистон амалан татбиқ нагардид.

Хушбахтона, мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои миллати худ тавонист, ки аз ин вартаи ҳалокатвор давлату миллати худро наҷот диҳад ва бо боварии том изҳор карда метавонем, ки мардуми мо, тоҷикистониён дигар ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки бо тақдири онҳо ҳар гуна нохалафон бозӣ кунанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар чаҳорчӯбаи қонун амал мекунанд, ягон монеа вуҷуд надорад.

Мутаассифона, ин таҷриба то кунун барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, баъзе фирориёни ин ҳизби террористиву ифротӣ эълоншуда дар хориҷа аз «адолат»-у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки амалҳои хешро дар мизони ақл баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд. Чи тавре ки маълум аст, рӯзҳои охир тавассути расонаҳои интернетӣ гуфтугӯи навбатии нохалафони миллат пахш шуда истодааст.

Ростӣ  ҳаминро бояд иброз дошт, ки Наҳзатиҳо то ҳол мехоҳанд вазъи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ҳар роҳу восита ногувор намоянд. Онҳо андешаи онро надоранд, ки ҳаводиси имрӯзинаи ҷаҳонӣ, экстремизму терроризми имрӯза чи қадар нобасомониҳоро ба миён оварда истодааст. Ҳодисаҳое, ки ба сари миллати тоҷик солҳои 90-ум  омада буд, кифоя аст. Аслан огоҳ бошед, ки тоҷики баномус, рӯшанфикр, тоҷике, ки ба сарнавишти Тоҷикистон бетараф нест, хеҷ вақт ба ин гуна гурӯҳҳо  намепайвандад. Шумо ҷоҳилон аз номи поки дини ислом сухан мегӯеду бо ин восита худро пок ва ҷонибдори дину оин нишон медиҳед, аммо ин усулҳои макоронаи шумо ба кор намеояд миллати тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, ки шумоён ҷоҳилед ҳадафи нопок доред,  душмани миллати тоҷик ҳастед, хуни ҳазорон бегуноҳ рехтед мардумро сарсону саргардон кардед. Он як чанд нафаре, ки ба доми фиреби худ кашидед он ҳам бошад аз гумроҳиву камсаводӣ аст. Дар асоси ин гуфтаҳо ҳамаи моро зарур аст, масъулияти худро дар ин самт дучанд созем ва нагузорем, ки ин гуна нохалафони миллат Тоҷикистони азизро беобрӯ созанд. Ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо аст. Мо бояд шукронаи истиқлолият, шукронаи осмони софу беғубори кишвар ва шукронаи ҳар як қатра оби зулоли Ватани маҳбубамонро қадр намоем, зеро чи хеле, ки Пешвои миллат қайд намуданд ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, барои Ватани азизу маҳбубамон -Тоҷикистон мекунем. Зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.

Сайдамир Ϝафуров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg