БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Моҳияти мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеа кишвар ба манфиати мардум нигаронида шудааст

НОРАК. Дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин, НБО-и Норак ба номи Т. Улҷабоев, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва шуъбаи ВКД дар шаҳр  вохӯриҳо оид ба амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханронӣ дар мулоқот  бо намояндагони ҷомеи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон бармеояд, доир карда шуд.

Масъулини ҳизб ҷиҳати фаҳмонидани мазмуну моҳияти нуктаҳои асосии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12 майи соли ҷорӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар баргузор гардид,  суханронӣ намуда, афзуданд, ки дасти сахо дароз намудан ба ятимону шахсони ниёзманд, бунёди муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва деҳаҳои калон ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат буданд, ки бори дигар ба самъи мардум расонида шуданд.

Дар ин раванд, инчунин  риояи Қонуҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну марсим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg