БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАРИ ТОҶИК ҒАМХОРТАРИН МОДАРИ ҶАҲОН АСТ

ПАНҶ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳияи Панҷ бо хонандагони синфҳои болоӣ ҷавондухтарон бахшида ба Рӯзи Модар  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  Ϝафуров Сайдамир иштирок дошта, ҳозиринро ба фарорасии Рӯзи Модар табрик гуфта, иброз дошт, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон ба муносибати Рӯзи Модар қайд карданд, ки: «Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бовар дорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон нақши шоистаи худро мегузоранд». Модар аз меҳри рӯзафзуни худ шири сафед ба тифл медиҳаду шабҳои дароз бо аллаҳои дунёи орзуҳояш сиёҳии мӯйи шабгунашро ба шаб дода, бо чашм субҳро медамонад, воқеан ҳам ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад.  Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадашон ба муносибати Рӯзи Модар зикр карданд, ки «Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg