БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВО РАВШАНГАРИ ФАРДО

МУЪМИНОБОД. Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни  30- солагии Истиқлолияти  давлатии кишвар дар ташкилоти ибтидоии “Боғчаи бачагона” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Раҷабова Гулсунбӣ  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия нисбати самтҳои  гуногуни Паём ва о масъалаҳои мубрами рӯз,  аз ҷумла  истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ибрози  ақида намуда, ҷамъомадагонро барои тарбияи дурусти насли наврас дар роҳи ватансозию худогоҳии миллӣ, татбиқи амалҳои созанда раҳнамоӣ кард. 

Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур  Шарифова Фарзона ба сухан баромада, оид ба ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30- солагии Истиқлолияти  давлатии кишвар, корҳои созандагиву бунёдкориҳо ҳарф зада, иштирокдоронро ба корҳои созандагию ободонӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат  даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg