КӮШОНИЁН. Бо мақсади дидорбинии занони омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо волонтёрон Аксияи ҷавонони ҳизб таҳти унвони “Модари меҳрубони ман!”-ро ба роҳ монда, онҳоро ба муносибати «Рӯзи Модар» табрику муборакбод гуфтанд. Инчунин, намояндагони ҳизбӣ зимни суҳбат бо модарони омӯзгор аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи зан дар ҷомеа ёдовар шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравиро супориданд.