КӮШОНИЁН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба муносибати Рӯзи Модар Аксия ҳизбӣ таҳти унвони “Модари меҳрубони ман” - ро роҳандозӣ намуданд.
Дар ин рӯз дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ” бонувони гиромиқадрро бо Рӯзи Модар аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён табрику таҳният гуфта, ба онҳо гулҳои тару тозаро тақдим карданд.
Инчунин, аз тарафи ташкилоти ибтидоии мазкур бошад 7 нафар собиқадорони ташкилот бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.