БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ АКСИЯҲОИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!” ВА “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!”

ҶАЙҲУН. Ҷиҳати амалӣ намудани Аксияҳои тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “Якҷоя месозем!” дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истиқлол» хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамчунин оид ба баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳаммадҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Бекмамадов Асалмамад, раиси Ҷамоати деҳоти Истиқлол Ҳайдарзода Зикрулло ва дигар кормандон баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар доираи Аксияҳои тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “Якҷоя месозем!” бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истиқлол» ва ҷалби сокинон дар кӯчаву деҳаҳо корҳои ободониву гулшинонӣ сурат гирифта, сокинон дар ҳашари дастаҷамъона кӯчаҳоро тозаву озода намуда, зиёда аз 300 бех гулҳои гуногун шинониданд.

Ҳамчунин фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр иқдом гирифтанд, ки дар доираи амалӣ  намудани аксияҳои мазкур, минбаъд низ, бо ҷалби аъзо ва фаъолони ҳизб дар тозагиву ободии  деҳаҳои Ҷамоати деҳоти «Истиқлол” саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg