БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАРИ МЕҲРУБОНИ МАН!

ЁВОН. Дар ҳаёти имрӯза занон на танҳо рисолати модариро адо мекунанд, балки неъматҳои моддӣ меофаранду созандаю роҳнамо низ ба шумор мераванд. Онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт бо фаъолияти бунёдкоронаи хеш ҳар гуна мушкилотро бартараф карда метавонанд.

Дар баробари ин модарону хоҳарони азизи мо масъулияти бузурги тарбиятгариро аз мадди назар фаромӯш накарда, насли наврасро дар рӯҳияи ахлоқи поку ҳамида, роҳи ростӣ, оину арзишҳои волои гузаштагонамон ҳидоятгарӣ мекунанд. Бо ин мақсад ва  бузургии зан-модар  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия бахшида ба Рӯзи Модар  Аксияи ҷавонони ҳизб тақдими гулҳо зери унвони “Модари меҳрубони ман” дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия баргузор карда шуд.

Дар рафти баргузории аксияи мазкур 10 нафар волонтёрони ҳизбӣ иштирок намуда, зиёда аз 120 дона гулҳои тару тозаро ба занону модарони ноҳия тақдим карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg