ВОСЕЪ. Корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон дар ҳудуди ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо маром идома дорад.
Ин навбат низ дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия дар ҷойҳои серодам, мағозаву дӯконҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд ва ҳамзамон баҳри ҳавасмандгардонии сокинон ва ҷалби онҳо ба хондани нашрияҳои ҳизбӣ ба онҳо наҳрияи “Минбари халқ” дастрас карда шуд.