Н. ХУСРАВ. Мутобиқи нақшаи мувофиқашуда оид ба баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар корхонаву муассисаҳо, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ- ҳизби созандаю бунёдкор корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам густариш додани иртибот бо мардум ва ҷалби васеи ҷавонон ба амалӣ намудани ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия” вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриро раиси ташкилоти ибтидои Сафарзода Абдулло кушода, мақсади вохӯриро ба ҳозирин фаҳмонид.
Баъдан Муродов Раҳмон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон -ҳизби созандаю бунёдкор, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки дар Паёми имсолаи худ Президенти мамалакат сифати иҷрои буҷети давлатиро ҳаматарафа таҳлил намуда, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷетӣ ҷиҳати ташаккули сарчашмаҳои иловагии буҷети маҳаллӣ тадбирҳои мушаххас андешидан дастурӣ зарури дода буд.