ВАХШ. Вохӯрии гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Интернатсионал” бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 баргузор гардид.
Аъзои гурӯҳи корӣ ҷониши раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маърифатчиён” Негматов Азизулло зимни суҳбат қайд кард, ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатиашон иброз доштанд, ки соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.