БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

АНДЕША.  Ҳамду сано бод ба Зан-Модар, ба сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар, ба фариштаи рӯи замин ва наҷотбахшу ба дунёоварандаи насли башар.

Дар ин ҷо сухан дар бораи Зан-Модар, ҳамсар, хоҳар, маҳбубу ёвар ва модари ҷовиду муаттар эҳдо мегардад.

Бузургону наҷибон ва олимону нависандагони ҷаҳон аз қабилӣ Арасту Саъдии ширинсухан, Умари Хайём,ки каломаш тамъи шароби заромехта дорад, ҳама фарзандони рислотбахшу бузургворӣ Зан- Модар аст ва аз шири поки ӯ хӯрда, мартабаҳои баланди эҷодиро соҳиб гардидаанд. Рӯҳбахшу тасалидиҳандаи тифл, ки суруди аллаи модар ба ҳисоб меравад, бо шукӯҳу тавоноияш ҷаҳони мусиқиро тароватбахш намуда, ба инсон руҳу илҳоми тозае мебахшад.

Дар даврони муосир Зан-Модар қувваи асосӣ ва пашбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, нақши беандоза муҳим ва волоро доро мебошад. Занону модарони зиёд меҳрубону ғамхори мо, камари ҳиммат баста, дар ин гардиши ҳаёти пурпечутоб қадамҳои устувор барои пешрафт ва зиндагии шоиста гузошта истодаанд.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сиёсати занон ва баланд бардоштани мақоми зан- модар дар ҷомеа аст, ки имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳо занону духтарони мо фаъолона дар баробари мардон кору пайкор намуда истодаанд.

Фаъолияти занону духтарон ва ҷавонон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ яке аз самтҳои асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократии ҷумҳурии мо ба шумор меравад. Арҷгузорӣ ба меҳнату заҳмати занону духтарон ва ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарин қадршиносӣ ба фаъолияти занону духтарон ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ дар ин самт қабул гардида, таъмини кафолатҳои конститутсионӣ  баробарҳуқуқии мардону занонро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст.

Бояд қайд намоям, ки дар баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи маорифи ноҳия самти фаъолнокии занону духтарони арҷманд хело назаррас буда, баҳри пешбурди раванди таълиму тарбияи насли наврас нақшпазиранд. Ҳамарӯза бонувони соҳаи маорифи ноҳия кӯшиш бар он менамоянд, ки насли ояндасози давлату миллатро дуруст тарбия намуда, дар замири онҳо ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию меҳанпарастиро тарбия намуда, дар ин замина ҳиссаи арзандаи хешро гузошта истодаанд.

Хеҷ коре нест, бе зан хуб шуд,

Ифтихоре нест, бе зан хуб шуд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Зикруллоева Оростамо, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg