Ҷ.БАЛХӢ. Бахшида ба «Рӯзи Модар» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 Ҷамоати деҳоти Узун дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси комиссияи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мизи мудаввар байни ду насл- занони рӯзгордида ва ҷавондухтарон дар мавзӯи «Модари хушбахт» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ноҳия, омӯзгорон, занони рӯзгордидаи маҳаллаи Саноати Ҷамоати деҳоти Узун иштирок дошта, дар васфи Зан-Модар шеърхонӣ намуда, оид нақши зан-модар дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби духтарон дар касбу ҳунар суҳбат намуданд. Дар идомаи мизи мудаввар занону модарони рӯзгордида аз таҷрибаи зиндагии хеш ба ҷавондухътарон мисолҳо оварда, таъкид карданд, ки ҷавонон бояд дар зиндагии мустақилона бо сабру таҳаммул бошанд ба насли калонсол эҳтиром гузоранд ва ҳамагуна касбу ҳунарҳоро омӯхта, зиндагиашонро пеш баранд.