АНДЕША. Банда иштирокчии фаъоли курси шунавандагони ин чорабинии сатҳи олии ҳизбӣ нисбати таассурот ва манфиатҳои судманди он чунин ибрози ақида менамоям, ки дар воқеъ таъсирбахш ва хотирмон буда, тӯли 7 рӯзи курси бозомӯзии ҳизбӣ мо тавонистем бо устодону собиқадорони ҳизбиён аз наздик шиносоӣ пайдо карда, баҳри фаъолияти ҳизбии худ таҷриба ва донишҳои манфиатоварро гирем.
Хушҳолии мо ҳизбиён дар он буд, ки мо аз тамоми гӯшаю канори Ҷумҳурӣ дар ин курс тамошо карда, дар давраи саёҳат ба мавзеҳои таърихию кушку маҷмааҳои варзишӣ ҳангоми суҳбатҳои алоҳида ба фаъолияти кору пайкори ҳизбиёни қаламрави Ҷумҳурӣ ошноӣ пайдо карда, аз таҷрибаҳои якдигар сабақ гирифтем.
Дар ҳақиқат устодони варзидаи Ҷумҳурӣ бо мо таи 7 рӯз дар мавзӯҳои гуногуни ҳаётан муҳим бароямон таълим доданд, ки дар воқеъ барои мо ҳизбиён бениҳоят муҳим ва зарур буданд, зеро ки мо ҳангоми вохӯриҳои рӯ ба рӯи худ бо мардум аз он донишҳои аз баркардаамон бо мардум маълумотҳои аниқу саҳеҳ дода тавониста бошем. Махсусан ҳангоми сафари нақшавӣ ва дастаҷаъмонаи Кумитаҳои иҷроияи марказӣ, шаҳрӣ ва вилоятию ноҳияҳо ба шаҳри “НУР” шаҳри орзую ормонҳои миллати тоҷик иншооти азими аср “Неругоҳи Обии Барқии Роғун” бениҳоят баҳри мо ҳизбиён зарур ва хотирмонтар аз дигар иншоотҳо ба ҳисоб мерафт, зеро ки дар ин иншоот зиёда аз 21 ҳазор кормандони мухталиф кору фаъолият дошта, сарпарасти онҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Баробари расидан ба шаҳри “Нур” моро масъулини шаҳр истиқбол гирифта, бо барномаи рангину фарҳангии хеш дили ҳамагонро шод гардонида, баъди маросими пазироӣ дар толори шаҳр маълумоти назариявӣ аз корҳои сохтмонӣ аз тарафи Раиси сохтмони неругоҳ Сафарзода Хайрулло пешниҳод гардид. Баъди маълумоти назариявӣ аз худи сохтмон дидан намудем, рафти корҳои сохтмоние, ки дар зери кӯҳ рафта истодааст, касро дар ҳайрат гузошта, бовар кас намеояд, ки миллати тоҷик ба чунин корҳои азим қодир аст, аммо чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаю баргашта иброз менамоянд, мо тоҷикон бояд ин иншооти азимро бо дасти худ баҳри ояндаи миллат бисозем ва агар имконияти баҳри сохтмон пеш ояд мо бо нохунҳои худ онро бояд созем. Дар воқеъ ин сафар иродаи мо ҳизбиёнро ба ояндаи дурахшони кишвар қавӣ намуда, дар вохӯрию суҳбатҳои худ аз наздик бо шунавандагон перомуни ин иншооти тақдирсози кишвар суҳбатҳои судманд анҷом дода, онҳоро ба ояндаи дурахшони мамлакат раҳнамун месозем.
Боздид аз оромгоҳи бузургони тоҷик, ки дар баландии зебоманзари дарёи Лучоб воқеъ аст, моро ба куҳантамаддун будани миллати хеш ҳидоят намуда, ба қадру қимати гузаштагонамон арҷгузор буданро омӯзонд.
Чуноне ки яке аз қаҳрамонони Ватан дар он мавзеъ ба хок супурда шудаасту дар лавҳаи ёдгориашон сатрҳои зерин дарҷ шудааст:
Ошён гар мегузорӣ дар баландиҳо гузор!
Фикр мекунам чунин курсҳои бозомӯзӣ бо ҳизбиён ба нафъи кор буда, аз таҷрибаю фаъолияти ҳамдигар бархурдор шуда метавонем бо ин васила камбудию норасоии якдигарро ислоҳ намуда, дар байни қишри ҷомеа обрӯю нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро баланд бардошта, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои азим истиқбол гирифта, баҳри расидани мардум ба зиндагии шоиста саҳмгузор мебошем, зеро ки ҳадафи олии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Таъмини зиндагии шоистаи мардум” мебошад.
Каримзода Пирмуҳаммад Авғон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара