АНДЕША. Воқеан ҳам бузургони ҳар давру замон симои Модарро азизу гиромӣ медонанд, зеро ӯ қимматтарин ва арзандатарин неъмати рӯи замин, сарчашмаи муҳаббати беканор, сазовори ҳама суханҳои волост. Донистани қадру қиммати модар вазифаи муқаддаси мост.
Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ ба рагу пайванди кас ҷон ато мекунад. Модар олиҳаи муҳаббат, садоқат, латофат, офаридгори наслҳо ва созандаи аслҳост, ки бо меҳру муҳаббат номаш гузоштаанду ба зери қадамҳояш ба хоки пояш, биҳиштро бо ҳама муқаддасоташ баробар хондаанд. Модар чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар, офаранда ва тарбиятдиҳандаи насли инсон буда, то даме дар рӯи замин ҳаёт боқист, чунин азизу мукаррам хоҳад буд. Дар ин олами ҳастӣ ҳеҷ чизу ҳеҷ шахсиятеро наметавон ба Модар ва меҳри бепоёни ӯ баробар кард.
Ман модарони кулли дунёро хусусан модарони ин сарзаминро ба муносибати Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, ба Шумо модарони азиз сараввал тани сиҳат, дили беғам, умри дароз, бурдбориҳо, сарсабзӣ ва хуррамиро таманно менамоям.
Замонов Азиз, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус