БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ БЕМОРОНУ МАЪЮБОН АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ АСТ

ҲАМАДОНӢ. Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Аёдати беморону маъюбон яке аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Бо ин мақсад бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Марғоб” Аюбов Зоҳир бо дастгирии соҳибкорони саховатпешаи  деҳаи Марғоби Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон бахшида ба Рӯзи Модар ба 9 нафар занони маъюбу бемор ва ниёзманд кумаки яквақтаинаи пулӣ расонида шуд.  

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Бодомов Назрулло, Гадоӣ Сайдалиев беморон, маъюбон ва камбизоатонро аёдат карда, қайд карданд, ки ҳамаи корҳои хайру савоб дар пайравӣ аз Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg