БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарсабзии Ватан ва шукуфоии диёрамон аз худи мо вобаста аст!

МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Сангдараи поёни ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳа маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва дигар шахсони расмӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар маҷлис самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии самтҳои асосии мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар,   мубориза бар зидди терроризм, муқовимат бо коррупсия, афзоиш додани сафи аъзои ҳизб, зиёд намудани шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, рушду равнақи ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона  баррасӣ карда шуда,  аз ҷониби масъулин таъкд шуд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик  бояд ба қадри заҳматҳои шабонарӯзи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, ҷавобан ба он хизмати  софдилонаву содиқонаи худро  ба Ватан  собит созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg